Чанд рӯз қабл мақолаи Назар Муъмин перомуни фаъолияти пасипардагии аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нашр шуд, ки парда аз ҳама ман-маниҳои наҳзатиёни палид бармало сохт.
Ҳамчунин дар ин росто нақши душманонаи аъзоёни ин ташкилоти террористиро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор кард. Аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки муаллиф аз ҳамкории як давлати дигар, аз сармоягузории як давлати дигар барои терроризм гуфтааст, ки на танҳо ин мақола барои насли ҷавон дар шинохти чеҳраҳои манфур равшанӣ андохт, балки барои ҷаҳониён ошкор сохт, ки Ҷумҳурии исломии Эрон барои рушди терроризм ва ифротгароӣ сармоягузорӣ мекунад.
Ин нишон медиҳад, ки ҳарчанд давлатҳои аъзои Созмони миллати муттаҳид барои баратаф намудани ин вабои аср талош менамоянд ва дар он ҷо ҳам ҷумҳурии исломӣ аъзо ҳаст, пинҳонӣ боз бо вайрон намудани муқаррароти байналмилалӣ ҷумҳурии исломӣ мустақим гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро сармоягузорӣ менамояд, ки ин хатари бузург барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамин мақола худ исбот намуд, ки ҳақиқат ҳамеша бар дурӯғ ғолиб меояд ва умри дурӯғ пойдор нест.
Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиён ва ҷумҳурии исломиро маҳкум намуда, талаб менамоем, ки СММ оид ба ин масъала бетараф набошад.