Тавре, ки аз навиштаҳои бемағзу бардуруӯғи ин хоини наҳзатӣ Саидюнус бармеояд, гӯиё дар кишвари мо як исломҳаросие вуҷуд дошта бошад ва гӯиё мардум аз ислом мегурезанд. Албатта шояд барои Саидюнуси наҳзатӣ ин як матлаби хуб бошад, аммо барои мо як масхарабозие беш нест. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки тибқи Конститутсияи кишвар дин аз давлат ҷудост ва ҳар як шаҳрванд интихоби озоди худро дорад.
Вале Саидюнус бардурӯғ мақолаи худро бо мисолҳо аз кишварҳои дигар пур кардааст, ки мақсади нопокдоштанаш аз ҳамин ҷо аён аст.
Дар Тоҷикистон бузургтарин масҷид дар Осиёи Миёна бунёд карда шуд, ки назираш дар аксари кишварҳои дунё нест ва чаро маҳз Саидюнуси наҳзатӣ инро надид?
Зеро ин ғуломи зархариди охундҳо фақат мехоҳад бо дурӯғҳояш обрӯву мақоми кишвар ва миллати тоҷкиро паст намояд.
Мо устодони кафедра ин амали ноҷавонмардона ва ин матлаби бардурӯғро маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки ислом ба чунин палидони мисли Саидюнус ниёз надорад.