ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ҲАҚИҚАТ АЗ ДӮСТИ МАН БОЛОСТ

Мо тариқи расонаҳо ва дигар шабакаҳои хабарӣ аз вазъияти аҳолии наздисарҳадӣ хуб огоҳ гардидем ва медонем, ки шаҳрвандони кишвар чӣ тавр дар он ҷо зиндагӣ доранд. Бояд қайд намоем, ки ин масъалае, ки имрӯз қирғизҳо рӯ занонидаанд, фақат баҳси замин набуда, балки баҳси ҳақиқату дурӯғ аст.

Зеро заминҳое, ки ҳоло қирғизҳо аз они худ кардаанд, умуман ба қирғизистон ягон рабте надорад ва ҳамаи ин заминҳо мероси Тоҷикистон аст, аммо бо баҳонаҳои гуногун дар солҳои 80-ум ва дертар онро қирғизҳо соҳиб шудаанд, ки хилофи қонунҳои башарист.

Ҳарчанд қирғизҳо бо мо дӯсту бародар ҳастанд, аммо ҳамин қадар илова менамоям, ки ҳақиқат аз ҳама авлотар меистад.

Ба ҳамин хотир ҷониби қирғизистонро мебояд, ки ба чашми мардум хок напошад ва ба воқеият бингарад ва беҳуда ахбори бардурӯғ нашр насозад. Зеро воқеият ин аст, ин заминҳо моли кишвари мост ва мо ҳаргиз ба касе замини худро намедиҳем.