ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: КАБИРӢ ХОИН ВА ТЕРРОРИСТ!

Ҳоло маълум гардид, ки раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии террорист ба чӣ хотир бар алайҳи ҷомеаи тоҷик мубориза мебараду чӣ мақсаду маром дорад. Ҳарчанд дар асл М. Кабирӣ як ҷинояткор ва фирорӣ аз ҷавобгарӣ аст, аммо шарм надошта имрӯзҳо аз хориҷ истода суханронӣ менамояд, ки бисёр амали нодуруст ва хоинона аст. Зеро як сухани дуруст ва саҳеҳ надорад, ҳама суханрониҳояш бофтаву бардурӯғ мебошаду сафсатае беш нест. Аммо ин ки бар ивази ин гуна суханрониҳо М. Кабирӣ аз хоҷагони хориҷияш маблағи калон мегирад, ин бисёр ҳам шармовар аст. Чунки М. Кабирӣ бо хоинӣ ва ватанфурӯшӣ нон мехӯрад, ки ин амали номардон аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи Кабирии террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!