ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ТЭТ ҲНИ МАРКАЗИ БАДАХЛОҚӢ ВА ИФРОТГАРОӢ

Дар чанд соли фаъолияти ТЭТ ҲНИ мо шоҳиди он гардидем, ки аъзоёни ин ташкилоти террористӣ дар ҳолномаи худ ба ҷуз ҷинояту авбошӣ ва хиёнат дигар сафҳаи тозае надоранд. Ин наҳзатиёни палид, ки замоне аз номи ислом ва мазҳаб сухан меронданд, дар охир маълум шуд, ки куллан бо мазҳаби барои миллати тоҷик бегона гаравиш доранд ва ягон фармудаҳои мазҳаби мардуми тоҷик, яъне “ҳанафияро” қабул надоранд.

Маълум мегардад, ки дар тӯли фаълияти худ наҳзатиёни малъун ба ҷуз бадахлоқӣ ва ифротгароӣ дигар коре накардаанд, ҳарчанд коршиносон аз таҷрибаи амалҳои террористии ин ҳизби террористӣ ном мебаранд ва онро як пойгоҳи хурди террористӣ мешуморанд. Аммо ин комилан ғалат аст, ТЭТ ҲНИ ба ҷуз аз маркази бадахлоқӣ ва ифротгароӣ буданаш, пойгоҳи хурди террористӣ нест, балки як мактаби бузурги террористӣ мебошад. ТЭТ ҲНИ як мактаби бузург ва як ташкилоти азими террористӣ аст ва дар доираи ҳамин барномаи рушди терроризм дар қораи Осиё кор мебарад.

Мо устодони кафедра, фаъолияти аъзоён ва пайравони ТЭТ ҲНИ-ро, ки бар зарари башарият равона гардидааст, маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки ҳаргиз фирефтаи суханони чунин авбошон ва террористони айёр нагарданд.