ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НЕСТ БОД ХИЁНАТКОРИИ САЛИМПУР!

Ҳарчанд маълум аст, ки имрӯз душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани миллат дасисабозиву иғвобарангезӣ менамоянд, аммо ҳастанд рӯзноманигороне, ки худро мустақил эълон намуда, пинҳонӣ бо гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Яке аз чунин рӯзноманигорони ба ном мустақил ва дар асл хизматгори хоҷаи хориҷияш Мирзои Салимпур сардабири ахбор.ком мебошад, ки ҳоло бар алайҳи миллат мубориза мебарад ва иғвобӣарангезӣ менамояд. Ҳарчанд ба ҳама маълум аст, ки Мирзои Салимпур маҳз бо маблағгузории хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ сомонаи хабарии ахбор.ком-ро таъсис додааст. Аммо пас аз он ки ин хабар ба ҳама паҳн шуд, гӯё ҳандалак аз бағалаш афтида бошад ба худсафедкунӣ шурӯъ намуда, боз ҳам ба гуфтани  дурӯғҳои болохонадор оғоз кард. Дар матлабе  ба унвонии Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ёрдамчии Президенти ҶТ таҳти номи «Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?» Салимпур кӯшиш кардааст, то ҳарчи зиёдтар дурӯғ бигӯяд ва мардумро фиреб диҳад.

Мирзои дурӯғнавис ва дасисабоз дар матлабаш бештар санг ҷониби мақомоти қудратии кишвар партофта, хостааст то бо тӯҳмату дурӯғ иғворбарангезӣ намуда, гуноҳҳо ва ҷиноятҳои худашро пинҳон созад. Лек чӣ кунем, ки миллат аллакай медонад, ки Салимпур дар макру ҳилла ва найрангу фиреб устухон надораду инро бародараш ҳам тасдиқ кардааст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ғайриинсонии Мирзои Салимпурро барои туҳмат ва тавҳинаш бар миллат ва намояндагони мақомоти қудратӣ, ки амнияту суботи кишвари мо бо шарофати меҳнатҳои шабонарӯзии кормандони мақомот  таъмин аст, маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!