Ҳарчанд маълум аст, ки имрӯз инсони дасисабозу иғвогар як ҳадафи нопок ва душманонаро пайгирӣ мекунад, аммо хиёнаткор бошад дигар ҳамаи ин хисолатҳои пастро барои мақсади нопокаш истифода мекунад ва ҳамин аст, ки мегӯянд хиёнаткори пешаи разилон асту танҳо разилону манфурон даст ба хиёнаткорӣ мезананд.
Албатта, хиёнаткорӣ ба чанд маъно фаҳмида мешавад ва дар чандин роҳ истифода мешавад, аммо хиёнати бузург ва нобахшиданиро ҳамон гуна баҳо медиҳанд, ки он нисбати азизтарин кас ва азизтарин муқаддасот равона гардида бошад.
Ҳатто ҳамин ватанфурӯшиву хиёнат ба ватанро дар тамоми ҷаҳон бадтарин шеваи хиёнат ва нобахшиданӣ арзёбӣ мекунанд, ки мутаассифона имрӯз афроде пайдо шудааст, ки хиёнаткориву ватанфурӯширо ҳамчун пешаи пулёбӣ истифода мекунанд. Ин тоифаи разил ва пастниҳоду ҳайвонтабиату одамсурат аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки амалҳову хиёнатҳояшон бар миллату Ватан бар ҳама маълум аст.
Мо, устодони кафедра хиёнаткорӣ ва разолатро маҳкум намуда, ба шогирдон гуфтанӣ ҳастем, ки аз рафтори бад ва ношоиста парҳез кунанд.