Имрӯзҳо кишвари азизамон Тоҷикистон хеле ободу зебо ва хеле пешрафт намудааст. Мардум дар фазоим сулҳу салоҳ ва оромӣ зиндагӣ менамоянд, ки ин беҳтарин неъмат мебошад. Зеро дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон имрӯз инсонҳо дар орзӯи сулҳу салоҳ ва оромӣ шабро рӯз мекунанду баъзан ин орзӯро бо худ ба хок мебаранд.
Дур намеравем як назар ба кишвари ҳамсоя андозем худ шоҳид хоҳем шуд, ки чӣ тавр дар кишвари Афғонистон мардум барои зиндагии осоиштаву обод ҷонканӣ менамоянду ҷоннисорӣ намуду лек Ватани орому осуда ва лаҳзаи ширини зиндагиро, ки лаҳзе сулҳро ифода кунад надоранд ва ин албатта ба сухан осон асту халос.
Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди солимфикр ва ҷавони пурсаодату ватандӯсти кишварро зарур меояд, то ба қадри ин неъмати бебаҳо, ин ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳи Ватану миллат бирасанд ва онро қадр намоянд, зеро на ҳама лаҳзаи зиндагӣ ифодагари сулҳу оромӣ ва саодат мебошад.
Мо, устодони кафедар сулҳу салоҳ ва оромиро дар кишвар қадр намуда, ба шогирдон гуфтани ҳастем, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ганҷи ноёб бирасанду онро ҳифз намоянд!