ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: КАБИРИИ ПАЛИД ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Ҳоло маълум мешавад, ки наҳзатиёни манфур ва пастфитрат бо чандин дасисаву иғвобарангези ва ҷинояти вазнину мудҳиши содирнамудаи солҳои 90-ум содир намудаи худ қаноат накарда, имрӯз бо роҳбарии Кабирии палиду авбош дар Аврупо  бунгоҳи хиёнаткориву дасисабарангезиро таъсис додаанд, ки хиёнати бузург мебошад.

Зеро наҳзатиёни палиду касиф намедонанд, ки миллати тоҷик ҳаргиз ин ҷинояткорон ва террористонро намебахшаду ҳатман рӯзе аз ин манфурони наҳзатӣ талаб намуд, ки бар хуни рехтаи бегуноҳон ҷавоб диҳанд.

Феълан М. Кабирии террорист ва роҳбари ТТЭ ҲНИ дар Аврупо айшу нӯш намуда, аз ҳисоби маблағи хоҷагони хориҷияш, ки бар ивази хиёнат бар Ватан ба даст овардааст, талош мекунад, то мардумро гумроҳ намояд. Ин малъун ва дур аз маърифати инсонӣ як маротиба ҳам андеша намекунад, ки рӯзе ӯ низ аз ин обу хок аз дасти ин ҳамватанон  порае обе ё ноне чашида буд, аммо кунун бар хиёнат пардохтаасту носипосӣ мекунад. Оё бар ивази нону намак инсони солим ва аз нигоҳи ахлоқи дуруст чунин номардиву носипосӣ мекунад?

Албатта, ки ҳаргиз ин амалро инсони солим намекунад, вале чӣ кунем, ки наҳзатиёни манфуру палид ва авбош бо роҳбарии Кабирии палид имрӯзҳо бо ин роҳ василаи зиндагияшонро пеш мебаранду хитёнат ва хоинӣ барояшон як амал ва пешаи нонёбӣ гардидааст. Дар ҳақиқат ҳам бо ин амалаш Кабирии палид исбот намуд, ки душмани ин миллату ин Ватан аст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ношоиста ва ғариинсонии Кабирии палиду террорист ва наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда,  бар душманони миллати тоҷик лаънат мехонем!