Ҳарчанд масъалаи муноқишаҳои марзӣ имрӯз дар расонаҳо бозтоби гуногун меёбад ва бештар аз ҷониби расонаҳои қирғизӣ нодуруст ва яктарафа бо пӯшонидани гуноҳи қирғизҳо сурат мегирад, аммо масъала ин аст, ки баҳси марзӣ ҳанӯз ҳам баҳси доғ боқӣ мондааст. Ҳанӯз ҳам ҷиноят ва молрабоиву тиркушоии ғайриқонунии қирғизҳо бар ҷониби сокинони кишвари мо идома дорад. Ҳанӯз ҳам қирғизҳо гуноҳи худро пинҳон намудаву дасисабозӣ мекунанд, ба ибораи дигар шайтонӣ мекунанд ва шағолсифатона аз ҷинояти содиркардаашон гурехтанӣ мешаванд, ки бисёр ҳам нигаронкунанда аст.
Ҳарчанд борҳо гуфтаем, ки қирғизҳо дар масъалаи марзӣ нодуруст андешаронӣ мекунанд ва даъвояшон ҳам нодурусту бедалел аст, лек то кунун қирғизҳо ба ҷинояти хеш хотима надодаанд. То кунун ба ноором намудани сокинон мепардозанд, то кунун сокинонро намемонанд, то дар заминҳои қонунии худ кишту кор намоянд, ки ин як душмании қирғизҳоро ба намоиш мегузорад.
Зеро то ҳанӯз мо қирғизҳоро ҳамчун ҳамсоя ва дӯсту бародар мешинохтем ва ҳаргиз санге бар сари онҳо назадаем, аммо имрӯз мушоҳида мешавад, ки қирғизҳо аз меъёр мегузаронанд ва бар ҳама адолату рафоқати ҳамсоягии мо носипосӣ менамоянд, ки инро мешавад бар ибораи дигар бо дарназардошти ҷиноятҳои имрӯзаи онҳо гурез аз сулҳ номид. Аммо қирғизҳо набояд фаромӯш кунанд, ки кафили оромиву осудагӣ ва амониву дӯстӣ маҳз сулҳ аст.
Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва ҷинояти ғайриинсонии қирғизҳоро маҳкум намуда, бар қирғизон гуфтанӣ ҳастем, ки ба қадри осоиштагиву оромие, ки доред бирасед, то садсолаҳо интизораш нашавед боз!