ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НЕСТ БОД ХИЁНАТИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Ҳоло вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки дар тамоми ҷаҳон мардум ин шабу рӯз бо вабои ҳамагир КОВИД-19 мубориза мебаранд ва ин як навъ маризии ҷонгир аст. Аммо на он қадаре, ки имрӯзҳо воҳима мешавад, зеро агар инсоният эҳтиёт кунад, эҳтимолияти зуд аз байн рафтани он вуҷуд дорад.

Ба ҳамин далел, ҳамаи моро зарур мешавад, ки барои муддате дар хонаҳои худ бишинем ва аз гашту гузори беҳуда дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ кунем.

Ҳоло фурсате расидааст, ки ҳар як нафар сабабгори эмин мондан ва ё гирифторшудани худ мегардад. Ба ҳамин далел кӯшиш кунед, ки тавсияи табибонро риоя намоед ва худро аз мубталошавӣ ё сироятёбӣ эмин нигоҳ доред.

Мо, устодони кафедраи ҳамаи сокинонро гуфтанӣ ҳастем, ки дар чунин шароити вазнин худро эҳтиёт кунед ва тавсияи табибонро риоя намоед.