ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАРИН МАҚОМРО САЗОВОР АСТ.

Дар чанд соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардем, аз ҷумла дар сиёсати хориҷӣ ҳам давлати Тоҷикистон ба пешрафтҳои намоёне сазовор гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф шудааст ва дар як силсила созмонҳои байналмилалӣ аъзо мебошад, ки барои устувории мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Ҳоло бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон давлати Тоҷикитон равобити дипломатӣ дошта, дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафоратхона ва намояндагиҳои Тоҷикистон кушода шудааст, ки далел аз сиёсати муваффақи сиёсатмадори тавоно Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тайи чанд рӯзи охир бо нашри хабари сафари Роҳбари давлат ба чанд кишвари Аврупо, нотавонбинон ва душманони миллат, гӯё дар пусташон кайк даромада бошад, бетоқат гардида, ҳар гуна шарҳу изоҳи нодурустро миёни мардум паҳн мекунанд, ки асосӣ воқеӣ надорад. Албатта, ин малъунҳо ва маймунсаводҳои наҳзатӣ метарсанд, ки агар сухан аз амалҳои террористии онҳо раваду сиррашон ошкор гардад, Аврупо дар як лаҳза онҳоро аз он ҷо дафъ мекунад ва барои ҳамин ҳамин ҳам ҳар гуна хабарҳо паҳн мекунанд, то вазъро ноором созанд. 

Маълум аст, ки онҳо бо супориши хоҷагони хориҷии худ кор мекунанд ва муваффақиятҳои давлати Тоҷикистон ба хоҷагони ТЭТ ҲНИ писанд нест ва аз ин лиҳоз наҳзатиёни касиф ва палид супориш гирифтаанд, ки ҳар гуна амалҳоро анҷом диҳанд, то мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд.

Мо як гурӯҳ омӯзгорон ин рафтори аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва ТЭТ ПЗТ-ро маҳкум намуда, аз давлатҳои аврупоӣ дархост менамоем, ки ин тоифаи авбош ва ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро аъмоли разилонаву террористии онҳо ҳанӯз фаромӯш нагаштааст ва ин террористон ҳар замон метавонанд амали террористиеро дар маркази Аврупо содир кунанд. ТЭТ ҲНИ хатаре бар амнияти ҷомеаи башарӣ мебошад ва бояд ниҳодҳои қудратии Аврупо аз хатар пешгирӣ кунанд.