ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: КОРОНАВИРУС НЕСТ, БЕҲУДА ОВОЗА ПАҲН МЕНАМОЯНД.

Инсонҳо дар шароити кунунӣ бисёр ҳам ҳассосанд ва ин ҳолат бисёр ҳам осебпазир мебошад. Ҳамин аст, ки бисёре аз душманони миллат ва расонаҳои душман аз ин ҳолат истифода намуда баъзан  ҳангома сохтанӣ мешаванд, то мардумро ба таҳлука андозанд ва ба ҳамин хотир хабарҳои дурӯғ ва сохтаю бофтаро нашр менамоянд, то мардумро гумроҳ намоянд.

Албатта, пандемияи КОВИД-2019 аз бисёр ҷиҳат барои ҷомеа хеле таъсири манфӣ расонид ва бисёриҳо аз ин зарар диданд ва хушбахтона ин пандемия ба кишвари мо наомадааст ва ягон нафар ба ин мубтало нагаштаанд, ки ин бахти баланди миллати тоҷик мебошад.

Лек душманони миллат ба хотири он ки мардумро сарсону саргардон намоянд, бештар талош менамоянд, то бо хабарҳои бардурӯғ дар бораи ин пандемия мардумро ба гумроҳӣ баранд, ки ин хиёнати бузург аст.

Аз ин лиҳоз, аз ҳама ҳамватанони азиз талаб менамоем, ки ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ ва беасос бовар накунед ва чораҳои тавсия намудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои пешгирӣ риоя намоед.

Мо, омӯзгорони кафедра ба он нафароне, ки бар миллату давлат хиёнат менамоянд, ва бардурӯғ овоза паҳн месозанд, лаънат мехонем!