ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз ҷиноятҳои содиркардаашон дар кишвар ва хиёнатҳои зиёдашон ба хотири аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гуоехтан ба кишварҳои Аврупо фирор намуданд ва бо ёрмандии хоҷагони хориҷияшон дар ин кишварҳо паноҳанда шуданд.

Ҳарчанд наҳзатиёни малъун аз ватан дур шуда бошанд ҳам, аммо ҳамоно талош мекунанд, ки хиёнаткории худро идома диҳанд ва бар миллат хиёнат кунанд. Наҳзатиёни малъун бештар бо супориши хоҷагони хориҷияшон амал мекунанд, ки ҳадафи аслияшон ҳам ин ба миллату кишвар зарар расонидан аст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори бадкешони наҳзатиро маҳкум намуда, ба ин малъунони ва душманони миллати тоҷик лаънат мехонем.