Чандест, ки кормандони радиои “Озодӣ” ба фаъолияти наҳзатиёни манфур таваҷуҳи бештар намуда, талош менамоянд, ки қариб ҳар рӯз ғояҳои ифротии наҳзатиён ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро тарғибу ташвиқ созанд ва ҷомеаро гумроҳ кунанд, ки бар хилофи меъёрҳои ахлоқии журналист мебошад.
Аммо радиои “Озодӣ” ба ин масъала таваҷҷуҳ накарда, бештар бар хилофи қонунгузории амалкунандаи кишвар фаъолияташро ба роҳ монда, ҳоло ба як маркази тарғибу ташвиқи ифротгароӣ ва терроризм табдил ёфтааст.
Албатта, ин гуна рафтори кормандони радиои “Озодӣ” хеле нигаронкунанда буда, номувофиқ ба меъёрҳои ахлоқӣ мебошад ва бояд ин расона дар кишвар баста шавад, зеро бо ин амалаш “Озодӣ” дар байни ҷомеа тафриқаандозӣ мекунад ва тухми фитнаро мепошад, ки ин бар ваҳдатӣи миллат таъсири манфӣ мерасонад.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, бар ҳамаи ин кормандони радиои “Озодӣ”, ки фитнаандозӣ мекунанд, лаънат мехонем.