Ҳоло миёни ҷомеа ва бахусус дастрас гардидани интернет хоинон ва бадбинони башарият ва махсусан душманони миллати тоҷик фаъол гардида бо таъсиси чандин сафҳаву каналҳои ютубӣ ва сомонаҳои ба ном хабарӣ мехоҳанд афкори ифротиро тарғибу ташвиқ намоянд.
Аз ҷумлаи ин тоифаи ифротӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ “Гурӯҳи 24” мебошад, ки ҳамеша аз мавқеи террористон дастгирӣ намуда, андешаву ғояҳои созмонҳои террористиро пайравӣ мекунанд ва онро миёни ҷомеа паҳн менамоянд, ки ин хиёнати бузург бар миллат аст.
Мо аллакай таҷрибаи талхи солҳои 90-умро дорем, ки чӣ тавр аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо тарғиби ғояҳои бегона пардохта, кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва садҳо бегуноҳро сар заданд ва ин хиёнати наҳзатиёни манфур дар таърих сабт шудааст.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин хоинони наҳзатӣ лаънат мехонем.