ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ

Чандест, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва қабл аз ҳама душманони миллати тоҷик, террористони сатҳи бӣайналмилалӣ  барои бадном кардани миллат ва гумроҳ кардани мардум, имрӯзҳо бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда аст.

Зеро ин наҳзатиёни палид ва хоинони миллати тоҷик мехоҳанд, ки ҳама дастовардҳои миллату давлатро ба сифр баробар кунанд ва кишварро ба Афғонистони дуюм табдил диҳанд, ки мо ба ин ҳаргиз иҷозат намедиҳем ва ин хоинони чоҳканро зери чоҳ хоҳем кард.

Аз ҳамин лиҳоз аз кулли ҷавонон хоҳиш менамоем, ки бештар ба воқеият таваҷҷуҳ кунанд ва пешрафтҳои кишварро бар ин курботинони наҳзатӣ нишон диҳанд, то чашми душманонаву террористияшон кӯр шавад.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин малъунон гуфтани ҳастем, ки оқибати  чоҳкан зери чоҳ аст.