Як силсила маводҳои нашр намудани наҳзатиёни ифротиро дар интернет мутолиа намуда, дар ҳайрат афтодем. Чӣ тавр наҳзатиёни ифротӣ дурӯғро ба ҳадди ифрот расонидаанд ва боз нашармида онро дар сомонаҳои худ нашр намудаанд, ки гувоҳ аз бешарафии ин тоифа мебошад. Зеро ба иддаои онҳо гӯё дар кишвари мо фаъолияти расонаҳо озод набошад ва мардум наметавонанд назари худро озодона баён кунанд.
Албатта ин аз як ҷиҳат хеле дурӯғи бузург мебошад ва аз ҷиҳати дигар як андоза ноадолатӣ аз ҷониби ин тоифаи ифротӣ мебошад. Чун ки дар кишвари мо тибқи Сарқонуни кишвар фаъолияти расонаҳо озод буда, ягон намуди маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо аз чӣ бошад, ки ин наҳзатиёни ифротӣ ба ин масъала часпидаанд ва бар ҷониби кишвари мо санг мепартоянд. Буҳтонкории ин тоифаи беаслу бенасаб ба он ҳадде расидааст, ки онҳо ҳатто хиёнатҳои худро фаромӯш намуда, пурра ба гумроҳ сохтани миллат пардохтаанд.
Аз ҷониби дигар бошад ин тоифа бар мақому мартабаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ин рафторашон доғ ворид мекунанд, зеро наҳзатиёни палид бо супориши хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд обрӯи миллатро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонанд ва аз ҳамин хотир ҳам ба дурӯғпароканиву дасисабозӣ гузаштаанд.
Ҳоло мо ин дурӯғҳои бофтаву сохтаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, ин тоифаи авбош ва ҷиноятпешаро, ки барои коста гардидани обрӯйи кишвар дар хориҷа кор мекунанд, ҳаргиз намебахшем.