ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ҚИСМИ 4 САРИ НАҲЗАТИЁНРО ХАМ КАРД.

Пас аз нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 1,2,3 ҷомеаи ҷаҳонӣ ба омӯзиши фаъолияти роҳбар ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ пардохт ва шубҳаҳо низ атрофи ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ зиёд гардид. Аммо пас аз нашри қисматҳо 4 –ум аллакай ҷомеаи ҷаҳонӣ тасдиқ кард, ки роҳбар ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳақиқат душманони насли башар ва як хатар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Дар  филми “Хиёнат” қисмати 4 ҳама он воқеияти наҳзатиён, амалҳои террористии содиркардаашон аз забони шоҳидон ва аъзоёни собиқи ин ташкилоти террористӣ оварда шудааст, ки воқеан ҳам як мадрак ва санади бузурги таърихӣ мебошад.

Пас аз ин гумном шудани наҳзатиёнро дар ҷаҳон пешгӯӣ кардан мумкин аст, зеро дигар ягон баҳона ва ҳиллаву макри наҳзатиён барои худсафедкунӣ ба кор намеравад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки ин наҳзатиёни палид ва инсонбадбин чӣ касоне манфуре ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки умри дурӯғ кӯтоҳ асту найрангбозӣ ҳам дер намепояд ва дигар акнун наҳзатиёнро рӯтабоҳ гуфтан мумкин аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, хоинони бадкеш ва террористро комилан маҳкум намуда, сархамӣ ва шармандагиро барои наҳзатиён муборак бод мегӯем!