ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: МАРГ БАР ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Хоинону бадкешони миллат ҳамеша талош меварзанд, ки аз ҳар роҳе, ки набошад ба миллати тоҷик хиёнат кунанд ва ҷомеаро сарсон гардонанд. Аз ҷумлаи ин бадкешону кӯрдилон наҳзатиёни манфур мебошанд, ки то ба ҳол кӯшиш мекунанд, аз дур истода миллатро ба раҳгумӣ баранд ва ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷияшонро амалӣ созанд.

Ҳоло наҳзатиёни мафур барои тухми кина барафкандан ва гумроҳ кардани ҷомеа талош менамоянд ва барои ин чандин сомонаи ифротиро таъсис додаанд, ки ҳамарӯза матбалҳои бардурӯғ ва ифротгароёнаро ба нашр мерасонад, ки ин як хиёнати маҳз аст.

Аммо бадкешони наҳзатӣ бад ин иктифо накарда, боз ақидаҳои созмонҳои террористиро дар ин шабакаҳои тарғиб мекунанд, ки ин ҳам хеле хатарнок аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин палидони наҳзатӣ ва душманони бадкеши миллат ланат мехонем!