ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Ҳамасола аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар чандин ҷаласаву маъракаҳои ташкилнамудаи худ баромад намуда, кӯшиш менамоянд, ки вазъиятро дар кишвар нодуруст муаррифӣ кунанд ва аз ин ҳисоб миллатро гумроҳу сарсон созанд. Ин наҳзатиёни малъун ва террорист барои фирефта сохтани мардум бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон чандин расонаи авбошонаву ғайрикасбиро таъсис додаанд, ҳар рӯз матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро нашр менамояд.

Ҳатто дар баъзе маврид барои пайдо намудани хонанда ин наҳзатиёни малъун садҳо суханони бардурӯғро бафта, талош менамоянд, мардум ба онҳо бовар созанд. Ин палидони наҳзатӣ худро гоҳо мухолиф ва ҳомии миллат муаррифӣ менамоянд, ки саропо дурӯғ ва ҳарфи бофтаву сохта аст. Зеро мо хуб медонем, ки ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ ба хотири гумроҳ сохтани миллати тоҷик худро чунин муаррифӣ мекунанд, аммо дар асл бошад, ин наҳзатиёни террорист ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ ҳастанд, ки барои пул шуда, як маротиба кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд ва ҳоло ҳам барои ҳамин талош менамоянд, ки миллат ин ниқоби сохтаи наҳзатиёни малъунро кайҳо боз хуб мешиносад.

Мо устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъунро ба таври комил маҳкум менамоем ва ин тоифаи бадкеш ва  хиёнаткорро душмани миллати тоҷик меҳисобем!