ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ҲАМСОЯҲО БОЯД БО ЧАШМИ ХИРАД БИНГАРАНД.

Чандест, ки дар минтақаи наздисарҳадӣ нооромиҳо идома дорад ва ҳамон гуна, ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, аслан гунаҳкорони ин муноқишаҳо сокинони кишвари ҳамсоя мебошанд, ки барои ноором кардани ҳаёти осоишта талош мекунанд. Ҷониби Қирғизистон ба ҷойи пешгирӣ намудани ин ҳолат, бештар ба сокинонаш  мадад мекунад ва нияти  гирифтани  пеши роҳи низоъро надорад ва ё ин ки дар сар нақшаи ором кардани авзоъро надоранд, ки ин бар зарари кор аст.

Ҳарчанд дар чанд даҳсолаи охир аксарияти ҳодисаҳо аз бетартибиву беназоративу беодобии қирғизҳо сурат мегирад ва дар ин масъала ҳам ҷониби қирғизистон ҷиҳати бартараф намудани низоъ ва таъмин намудани ҳолати осоишта, кӯшиш ба харҷ намедиҳад ва пеши роҳи авбошизми сокинонашро намегирад, лек ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз ҳам оромиву адолатро риоя менамоянд, ки фикр мекунем, бояд дар ин масъала ниҳодҳои байналмилалиро ворид кард, то қирғизҳоро бифаҳмонанд, вагарна сокинони кишвар ҳам агар дар муноқиша ҳамроҳ шаванд, вазъият аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд ва ҳатман дар ин ҳолат ҷониби қирғизистон пушаймон хоҳад шуд.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори нохубӣ ҳамосҳоро маҳкум намуда, талаб менамоем, ки ҷониби Қирғизистон чашми хирадро боз кунад, то ҷаҳолати шаҳрвандонашро бартараф созад.