ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро созмонҳои террористиву экстремистӣ бо амалҳои нангини содирнамудаашон ба ташвиш овардаанд ва дар баъзе кишварҳо ҳаёти осоиштаро низ аз байн бурдаанд.

Ҳоло дар кишварҳои Ироқу Сурия ва яману Фаластин мардум аз ҳаёти осоишта маҳрум гардидаанд ва ин кишварҳо майдони амалҳои террористии созмонҳои даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, “Ихвон-ул-муслимин” ва “Ал-Қоида” гардидаанд.

Дар пайравӣ ба ин созмонҳои террористӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам ҷавононро гумроҳ намуда, ба ин ташкилотҳо мефиристанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург аст.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда ба ҳамаи ин террористон ва душманони башарият лаънат мехонем.