Ҳамон гуна, ки маълум аст дар чанд соли охир барои ба таври комил несту нобуд сохтани сохти конститутсионӣ ва миллат аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзатӣ исломӣ бо сарпарастии Ҷумҳурии исломии Эрон талош намуда, хеле хиёнатҳоро ба миллат раво диданд.
Ин разилони хоин ва бисёр ҳам палиду ваҳшӣ барои ба даст овардани пул ва иҷро намудани фармони хоҷагони хориҷияшон омодаанд, ҳамаи кишварро дар як соат ба фурӯш гузоранд ва ё несту нобуд кунанд.
Зеро ин разилони баднафс ба хотири пулу мол виҷдони хеш, ҳуввияти худро фурӯхтаанд ва аз ин дида, бадтарашро аз ҳеҷ махлуқе набояд интизор шуд.
Хоинони наҳзатӣ солҳои 90-уми асри гузашта ба хотири ба даст овардани пулу мансаб, хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрванди бегуноҳро рехтанд, ки ин бисёр ҳам гуноҳи бузург ва ҷинояти вазнин бар башарият аст.
Мо, устодони кафедра ин амалҳои хоинони миллатро ба таври комил маҳкум менамоем!