ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: НЕРӮҲОИ ТЕРРОРИСТӢ БОЯД МАҲВ КАРДА ШАВАНД.

Имрӯз чунин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, ки бо номи терроризм ва экстремизм маъруф аст. Албатта терроризм ва экстремизм падидаи нав нест, аммо таърихи тӯлоние ҳам ба ин шакле ки имрӯз вуҷуд дорад, надорад.

Зеро танҳо дар аввали садаи 20 шумораи ташкилотуу гурӯҳҳои террористӣ бештар гардида, дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон аз мавҷудияти худ хабар дод.

Дар таърихи башарият аз ҳама бештар мо харобкориву даҳшатафкании созмони террористии “Ал-Қоида”, созмони силсилагурӯҳҳои террористии “Толибон” ва ташкилоти террористии “Давлати исломӣ”-ро метавонем ном созем, ки бузургтарин нерӯҳои террористӣ-экстремистӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин дар ин замина мо ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро ҳам метавонем ба ин қатор ворид, созем, ки бо даҳшатафканиҳои вазнинаш дар охири садаи 20 маъруфият пайдот кардааст.

Мо устодони кафедра ҳамаи ин нерӯҳои террористиро маҳв намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ талаб менамоем, ки ҳамаи нерӯҳои террористӣ-экстремистӣ маҳв карда шавад.