ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ АСР

Дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон имрӯз ҳар навъ терроризм ва экстремизмро дидан мумкин аст, ки бо амалҳои ваҳшатзо ва даҳшатбори хеш миёни оламиён машҳур ҳастанд. Албатта ин падидаи номатлуб ва ё худ зуҳуроти маргбор барои тамоми ҷаҳон имрӯз хатар эҷод кардааст ва яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ҳоло гурӯҳҳои тундрав ва ифротиро дар ҳама кишварҳои олам дидан мумкин аст, ки бар ҳаёти осоиштаи мардум хатар эҷод менамоянд. Осори амалҳои вазнини террористӣ ва хиёнатҳои гурӯҳҳои экстремистиро, ки бар ҳаёти осоиштаи мардум халал расонидааст, дар бисёр кишварҳои олам дидан мумкин аст.  Дур намеравем ҳодисаҳо ва ҳаёти талхи мардуми ҳамсоякишвари мо Афғонистон намунае аз амалҳои террористии гурӯҳҳои тундрав мебошад.

Ҳодисаи субҳи 6-уми ноябр, ки дар канори Душанбе аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ анҷом дода шуд, хеле даҳшатафкан буд,  хотирае талхеро аз худ ба мерос гузошт. Ин ҳам аз амалҳои душманон ва хоинони миллати тоҷик мебошад, ки аз ҷониби нерӯҳои қудратии кишвар пешгирӣ карда шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин ҳамлаҳои террористиро маҳкум намуда, кӯшиш менамоем, ки бар зидди ҷаҳолату разолат ва ифротгароӣ мубориза мебарем.