ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК: ТЭТ ҲНИ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ АСР!

Бояд қайд кунем, ки дар чанд соли фаъолияти худ ТТЭ ҲНИ аз рӯйи қонун фаъолият нанамуда, бештар барои роҳгум намудани ҷавонон ва сафарбар намудани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ барои омӯзиш ва тамрини ҳамлаҳои террористӣ машғул гардидааст. Ҳамчунин ин ин ҳизби террористӣ дар замони фаъолияти худ бо таъсиси нашрия ва маҷаллаву сомонаи худ, бештар ба афкори мардум таъсири манфӣ расонида, бо нашри маводу матлаби бардурӯғ ва дорои хусусияти иғвоангезиву дасисабозӣ дошта, миёни тухми низоъ мепошид.

Наҳзатиёни ифротӣ дар маводҳои худ бештар бадбиниву адовати нажодиро ташвиқ намуда, нисбати миллатҳои дигари дунё маълумоти бардурӯғ ва иғвобарангез паҳн кардаанд, ки дертар зимни пажӯҳиши илмӣ дар китобҳои ба нашр расонидаи онҳо ошкор карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки худи роҳбари ТЭТ ҲНИ дар хориҷ бо созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои тундрав ҳамкорӣ намуда, аъзоёни ҳизбро, ки дар хориҷ тамринҳои ҳарбӣ гирифтаанд ба сафи ин созмонҳои террористӣ фиристодааст, ки ин хиёнати рӯирост ба фарзандони халқ мебошад.

Даҳшатҳои ин ҳизби террористӣ дар солҳои 90- уми асри гузашта ва  талошҳои онҳо дар соли 2015 –ро агар ба инобат гирем, ин худ як фоҷиаи нангин ҳисобида мешавад. Ва ҳамин тавр вуҷуди ҳизби террористӣ-эктремистии наҳзати исломиро метавон як фоҷиаи аср номид.

Мо, устодони кафедра ин амалҳои номатлуб ва хиёнатҳои роҳбарони ТЭТ ҲНИ-ро ҳаргиз намебахшем ва фаъолияти ин ҳизби террористиро маҳкум менамоем.