Ҳамон тавре, ки маълум буд, коронавируси навъи КОВИД-19 ба кишвари мо ҳам расид ва ин як вабои ҳамагир аст, ки ҳар нафар талош мекунад, то саломатии худро ҳифз намояд. Қабл аз пайдо шудани ин беморӣ наҳзатиёни палид, талош варзиданд, то миллатро ба таҳлука оранд ва тарсу ваҳмро дар ниҳодаш ҷой диҳанд. Аммо миллати тоҷик ба ҳарзаву сафсатаи наҳзатиён бовар накард ва аз ин ҳолати манфии равонӣ худро эмин нигоҳ дошт.
Ҳарчанд кунун табибону ҳамшираҳои шафқат ин шабу рӯзҳо тамоми талошанро ба харҷ медиҳанд, то ҳар як сироятёфтаро наҷот диҳанд ва аз ҳолати мубталошавӣ шаҳрвандонро эмин нигоҳ доранд, аммо душманону ҳарзагӯёни наҳзатӣ ба сипос хондану ғамшарик будан аз ҳамин лаҳза сӯистифода намуда, мехоҳанд миллатро гумроҳ намояд, ки ин як хислати пасту разилонаи онҳо мебошад.
Зеро тавре, ки мегӯянд, душманро дар ҳолатҳои вазнин мешиносанд ва ҳамон гуна, ки маълум шуд, ҳамон наҳзатиёне, ки худро ватандӯсту “ғамхори миллат” медонистанду ҷомеаро гумроҳ кард, имрӯз аз ҳолати вазнини миллат сӯистифода кардани мешаванд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.
Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, бар ин палидони наҳзатӣ лаънат мехонем!