Ҳарчанд дар чанд даҳсолаи ахир ба хотири гумроҳ намудани миллат аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо фармони хоҷагони хориҷияшон камари ҳиммат бастаанд, аммо аз кирдорҳои кардаашон дар солҳои 90-уми асри гузашта пушаймон нагардида, боз ҳам даст ба хиёнат мезананд, ки бисёр ҳам гуноҳи нобахшиданист.
Имрӯзҳо ин хоинон ва душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар ҷой гирифта ба хотири боз ҳам фиреб додан ва гумроҳ сохтани насли ҷавони кишвар бо супориши хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон чандин сомонаҳои интернетиро таъсис додаанд, ки бо нашри ахбори бардурӯғу иғвобарангез машғул аст.
Ин наҳзатиёни касиф ва палиду лаин ба хотири гумроҳ сохтани миллат бисёр ҳам талош намудаистодаанд ва ҳатто ошкоро дар ин сомонаҳояшогн ғояҳои террористӣ-экстремистиро тарғиб менамоянд, ки хиёнати бузург бар башарият аст.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, тарафдори сулҳу салоҳ ва оромии бардавоми кишвар ҳастем!