Баъд аз баромадани филми мустанади “Хиёнат” наҳзатиён бетоқат шуда, тарбуз аз бағали раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ афтид. Чунки то ин замон наҳзатиён бо дасисабозиву иғвобарангезӣ машғул гардида, зери ниқоб бо мардум мебаромаданд, ки ҷомеа аз кӣ ва чӣ будани онҳо дарак надошт. Аммо дертар маълум гардид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон фаъолият мекунанду мақсаду маромашон ҳам аз байн бурдани истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллати тоҷик мебошад.
Барои душмани бурдан ва хиёнат бар Тоҷикистон наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои бузурге дастрас кардаанд, ки то ба имрӯз барои ҷомеа аён набуд. Лек дар филми “Хиёнат” ин ҳама зишкориву расвогии наҳзатиён аз ҷониби шоҳидони ҳол гуфта шуд, ки бисёр ҳам барои миллати тоҷик ҷиҳати шинохти душманони миллат муҳим мебошад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаву хиёнаткоронаи наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!