ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: КАБИРИ ҒУЛОМИ ХАЛҚАБАРГӮШИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ!

Албатта, бар ҳар нафар тибқи унсури биологӣ офаридгор ақлу фаросат додааст ва агар касе ин неъматро пеши по зад, ҳатман зору ҳақир ва ғулому лӯхтаки дасти дигарон мегардад. Яке аз чунин нафарон раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ мебошад, ки ба хотири пулу сарват ва моли зиёд даст ба хиёнату ҷосусӣ зада, бар Ватану миллати худ хиёнат намудааст. Ҳоло ин Кабирии малъун дигар дар тобеияти хоҷагони хориҷияш мебошад, ки ҳар чизи онҳо бифармоянд иҷро мекунад ва як зарра ҳам намеандешад. Ва ин ҳамон беақливу бехирадии ӯро нишон медиҳад, ки ба ҷойи истифодаи ақлу хирад роҳи осони пулкоркуниро омӯхтааст.

Кабирӣ бо пулҳои ба даст овардааш аз ҳисоби хиёнаткориву ватанфурӯшӣ имрӯз худро хуш ҳси мекунад, аммо як маротиба намеандешад, ки ӯ дигар лӯхтаки дасти дигарон гардидаасту ӯро ҳамчун бозича хоҷаҳояш бозӣ медоранд, ки ин пасттарин хислати инсонӣ мебошад ва аз ин рӯз зистан барои инсони бовиҷдор мурдан беҳтар аст. Лек чӣ кунем, ки дигар Кабириву ҳаммаслаконаш ба хотири пул нангу номусашонро ҳам фурӯхтаанд, ки ҳайфи номи инсонӣ бар онҳо.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори Кабирии малъун ва душману палидро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!