ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ САФСАТА МЕХОНАД!

Чанде қабл баромади роҳбари террористони наҳзатӣ аз пиртеррористони палид Кабириро шунидем, ки дар ин баромадаш мехоҳад бо ҳангомаҷӯйӣ  мардумро фирефта сохта, гумроҳ намояд. Вай доир ба коронавирус суҳбат карда, мехоҳад аз ҳамин пандемия манфиат ҷӯяд. Пирзоли Кабирии палид худашро гоҳо ҳомии халқ муаррифӣ карда, мехоҳад, ки мардумро фиреб диҳад. Аммо дар асл бошад ин Кабирии малъун душманӣ халқ буда, ҳамеша бар зидди миллат мубориза бурдааст ва доимо кӯшиш кардааст, ки  бар миллати тоҷик тибҷи супориши хоҷагони хориҷияш зарар расонад.

Ҳамин ки ҳоло ӯ худро ҳомии халқ муаррифӣ мекунад, бисёр ҳам тааҷҷубовар мебошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ин палиди наҳзатӣ мехоҳад иғвоангезӣ кунад ва мардумро ба роҳгумӣ барад.  Чунки, мо воқеиятеро медонем, ки Кабирии малъунро  боз ҳам шармандатар месозад. Ҳамон гуна, ки маълум аст, Кабирии малъун  як вақтҳо беморхонаи сироятии Сари Кишти ноҳияи Рӯдакиро қисм-қисм  тақсим карда бо ҳаммаслаконаш фурӯхт ва қисмеро тақсим кар. Ёдрас мешавем, ки агар ин беморхона имрӯз вуҷуд медошт, 500 кати хоб дошт, ки метавонист 500 карантиншударо имрӯз дар худ ҷой диҳад. Пас ин Кабирии палиду дилсӯз, ки имрӯз худро ҳомии мардум вонамуд карда иғвобарангезӣ мекунад дар ҳақиқат кист?

Мо, ҳама устодони кафедра ин иғвобарангезӣ ва мардумфиребии Кабирии палид ва наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ин тоифаи бадкеши наҳзатиро фиребкорони авбош меномем.