Чандест, ки сомонаи ахбор.ком, ки ба нафари террористи наҳзатии ба ном журналист Мирзои Салимпул тааллуқ дорад, бо нашри хабару гузоришҳои бардурӯғ ном баровардааст ва ҳамчун як расонаи ифротӣ миёни ҷомеа шинохта шудааст. Аммо то ба имрӯзҳо маълум набуд, ки ин сомна ва муассисаш аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ мешавад ва кораш чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Тибқи манбаъҳои муътамад ва доираҳои наздик ба Мирзои Салимпул маълум шуд, ки сомонаи ахбор.ком аз ҷониби хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ маблағгузорӣ мешавад ва идеологияи ҳамин ниҳодҳои террористиро ин сомона миёни ҷомеа бо роҳҳои гуногун тарғибу ташвиқ менамояд. Пас ин ҷо суоле падо мешавад, ки он қасам ва рисолати журналистика чӣ мешавад?
Вале чӣ илоҷ, ки Мирзои Салимпул ва чандин ҳамкорони манфураш асло ба ин масъала таваҷҷуҳ нанамуда, бештар дар фикри маблағ ба даст овардану хиёнат намудан бар миллати тоҷик мебошад.
Аз ҳамин ҷост, ки сомонаи ахбор.ком ҳамарӯза хабарҳои бардурӯғро нашр намуда, мехоҳад мардумро ба гумроҳӣ барад, ки ин хиёнати бузург аст.
Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи наҳзатиёни малъун ва Мирзои Салимпул лаънат мехонем!