Ҳарчанд далелҳо ва маводҳои зиёде буданд, ки хоиниву хиёнаткории наҳзатиёнро исбот менамуд, аммо нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” далели бузургтар ва санадест андар шинохти террористон ва хоинони миллати тоҷик. Махсусан дар шинохти чеҳраҳои хоинон ва палидони фирорӣ аз роҳбар то ба дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ саҳми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хеле баланд аст. Зеро то кунун наҳзатиёни палид ва абош зери пардаи макру найранг ин ҳама ҷинояту амалҳои террористияшонро пинҳон намуда, бештар талош мекарданд, то ҷавононро бо дурӯғу матлабҳои иғвобарангезонаашон гумроҳ созанд. Аммо бо нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҷомеа ба пуррагӣ огоҳ гардид, ки наҳзатиёни манфур ва палид бозичаи дасти кадом хоҷаи хориҷиянду чӣ нияту ғарази паст доранд?!
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!