ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД!

Ҳоло мебинем, ки душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири ба даст овардани пули муфт ва маблағи ҳангуфт даст бар хиёнат бар Ватан задаанду хиёнаткориро ҳамчун манбаи даромадашон истифода мекунанд, ки аз хислатҳои пасти инсонӣ мебошад. Зеро инсони солим ҳаргиз даст ба хиёнат ва хоинӣ намезанад, ки имрӯз наҳзатиён ин амалро ба худ раво дидаанд ва ин албатта аз суст будани тарбия дар хонавода ва вайрон будани муҳити хонаводагияшон шаҳодат медиҳад.

Вагарна инсон чӣ гуан метавонад ба ин ҷаҳон бо чашми ҷаҳолат ва хиёнатпешагӣ бингараду даст ба хиёнати бузург ва он ҳам хиёнат бар Ватан ва миллат бизанад?! Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ паҳлӯи нави сурати одамиву сирати манфурияшонро муаррифӣ кардан ва ин масъала бояд мавриди омӯзиш қарор бигираду ҷомеа бифаҳмад, ки чӣ тавр одамони инсонсурат дили сиёҳ ва пур аз ғаразу кина доранду ба волотарин арзишҳо қадр намегузоранд ва ин гуна манфурони наҳзатӣ аз куҷо пайдо мешаванд?!

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфур ва маккорро маҳкум намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки ба ин ҷаҳон бо чашми хирад бингаранд.