ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо хоинони наҳзатӣ бар хилофи қонун амал намуда, берун аз кишвар ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғуланд, ки ин бисёр ҳам хиёнати вазнин мебошад. Ҳоло наҳзатиён бештар бар фармони хоҷагони хориҷияшон амал карда, талош мекунанд, то мардумро бо ҳар роҳе бошад гумроҳ созанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Яке аз гуноҳҳои нобахшидании наҳзатиён ин гумроҳ кардани мардум буд, ки як маротиба аллакай кишвар гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва дигар миллат ба ин хато роҳ нахоҳад дод.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманона ва авбошонаву хоинонаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!