ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: РОҒУН КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТ!

Сад дар сад имрӯзҳо исбот шуд, ки халқи тоҷик бо чунин Сарвари хирадманду оқил ва тавонову далераш метавонад дар наздиктарин фурсат Тоҷикистонро ба бузургтарин ва пешрафтатарин кишвари ҷаҳон табдил диҳад. Зеро мо тавонистем шоҳиди он гардем, ки дар ҳақиқат нерӯву тавон ва ҷасорату ғайрати рустамонаи Пешвои муаззами миллат, ки намунаи беҳтарин ватандори асил ҳастанд, синаи кӯҳро шикофта аз он об ҷори намуд. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки бузургтарин лоиҳаи созандагии кишварро дар даврони истиқлолияти Тоҷикистони азиз амалӣ намоянд. Ба кор шуруъ кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” як падидаи фараҳбахше буд, барои тамоми тоҷикистониён. Зеро дар ҳоле, ин чарха ба кор дароварда шуд, ки мардум ҳама рӯҳияи идона дошт ва омода ба ҷашн гирифтани солгарди истиқлолияти кишвари маҳбуб буданд. Бубинед ид бар болои ид шуд. Хурсандӣ бар хурсандии дигар зам шуд. Тамоми Тоҷикистон ин лаҳза нуристон шуда буд ва дар ҳар хонандон замзамаи сурур дида мешуд. Ин иқболи баланди миллати тоҷик аст, ки Яздони пок барояш чунин фарди хирадмандро ато фармудааст. Пешвои муаззами миллат аз зумраи ангуштшумортарин афроди сайёра ҳастанд, ки ҳам дар ғами миллат ва ҳам дар фикри ҷаҳониёни бепаноҳ ҳастанд. Албатта, ин гуна дили пок доштану муҳаббати хос доштан на ба ҳар кас муяссар мегардад ва на ҳар Сарвари давлате чунин шуда метавонад.

Ба истифода додани чархаи дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боз як қадамест баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки ин ҳам фақат ба пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи “Роғун” ҳал мешавад.

Ин имконият ва фурсати бузургест барои миллати тоҷик ва тамоми мардуми ҳамсоя, ки дар кӯтоҳтарин фурсат метавонанд аз барқи аз нигоҳи экологӣ безарар баҳраёб гарданд.

Умедворам дар роҳи расидан ба ояндаи дурахшону даврони заррин ва ё худ тиллоӣ моро Пешвои муаззами миллат танҳо намегузоранд ва мо метавонем  бо ҳидоятҳо ва роҳбарии ин фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин қуллаҳои муваффақиятро фатҳ намоем. Шодиву саодати миллат дар ин рӯзҳо хеле афзун шуд, ки умедворем ҳамеша ҷовидонӣ бошад.

Мо устодони кафедра ин ҳама пешравиву ободиҳоро дида, ҳамаи талошҳоямонро мекунем, то донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем.