ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ЯК СОЛИ БЕБАРОРУ БЕОБРӮШАВИИ НАҲЗАТИЁН

Соле, ки гузашт бо чанд ҷиҳат аз солҳои қаблӣ фарқ дошт ва ҳамчунин барои хотира муаммоҳое зиёдеро ба мерос гузошт ва аз ҷониби дигар соли ошкорсозиву ниқоббардорӣ аз чеҳраҳои манфур буд.

Дар миёнаи дуввуми соли сипаригардида, мақолаи Назар Муъмин олими тоҷик нашр шуд, ки дар он аз фаъолиятҳои пасипардагии наҳзатиёни манфур ва доду гирифти онҳо бо хоҷагони хориҷияшон гуфта шудааст.

Ҳамчунин муаллиф талош кардааст, ки парда аз воқеияти наҳзатиёни палид барканад ва чеҳраи авбошонаву хоинонаи ин разилонро ошкор созад ва то ҷое муваффақ ҳам шудааст. Зеро наҳзатиёни палид ҳамеша иддао мекарданд, ки хоҷаи хориҷӣ надоранд ва ҳеҷ иртиботе бо созмонҳои террористӣ ҳам надоранд.

Аммо тавре, ки аз навиштаҳо бармеояд, пас аз созмони террористӣ-экстремистӣ эълон гардидани ТТЭ ҲНИ ҳам Ҷумҳурии исломии Эрон ин ташкилотро сармоягузорӣ кардааст ва чандин маротиба ба суратҳисоби Кабирии малъуну манфур маблағ гузаронидааст.

Мо устодони кафедра ин хиёнати наҳзатиёни палид ва ҷинояткорро маҳкум намуда, соли 2019-ро соли ошкорсозиву шармандагии чеҳраҳои манфур унвон мекунем.