ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ДУШМАНОН ДАР ФИКРИ ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ

Ҳарчанд ин шабу рӯзҳо дар кишварҳои ҷаҳон хатарҳо идома дорад ва   аксарияти созмонҳои тандурустӣ баҳри пешгирӣ тавсияҳо медиҳанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин тавсияҳоро баъзе кишварҳо хеле барвақт ба инобат гирифта буданд. Аз ҷумла кишвари мо низ баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ хеле барвақт Ҳукумати кишвар чорандешӣ намуд ва баҳри наҷоти миллат хеле корҳоро анҷом дод.

Лек ҳастанд бадкешоне, ки акнун аз хоб бедор шудаанду худро олиму донишманд ҳисобида, кӯшиш мекунанд, ки машварат доданӣ шаванд. Мисле, ки Кабирии малъуну пастфитрат аз хоби гарон бедор шудаву имрӯзҳо чанд тавсия пешниҳод кардааст, ки ҳамааш аблаҳонаву бесаводона мебошад. Ва мешавад ин ҳама пешниҳодҳои Кабирии бадкешу ҳаромзодаро сафсатаи навбатии наҳзатиён номид.

Зеро дар ин пешниҳодҳо ягон ҷумлаи солим вуҷуд надорад ва ҳамааш ба манфити худи наҳзатиёни малъун асту ба манфиати миллат нест.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинонаи наҳзатиёни малъунро, ки аз ҳамин ҳолат сӯистифода карда, мехоҳанд миллатро ба гумроҳӣ баранд, маҳкум намуда, ба ин палидони наҳзатӣ лаънат мегӯем!