Ҳамон гуна, ки маълум аст, имрӯзҳо маъракаи ҳимоят аз аъзоёни созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” рафтаистодааст ва аксарияти ин ҳомиён аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошанд, ки бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва душманони башарият ҳастанд.
Ҳамон гуна, ки медонем аъзоёни созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” бештар ба бераҳмона ба қатл расонидани аҳли башар шуҳрат доранд ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам аз ҳамин қабил афрод ҳастанд.
Зеро наҳзатиён солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил намуданд ва зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расониданд, ки ин хиёнати бузурги аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро таърих фаромӯш намекунад ва имрӯз ҳам онон мехоҳанд ҳамин кирдори разилонаро такрор намоянд.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҷавонон тавсия медиҳем, ки хиёнати наҳзатиёни малъунро ҳаргиз фаромӯш накунанд ва қасди худро аз ин душманон биситонанд.