ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ТАРҒИБИ ИФРОТГАРОӢ ҲАМ ХИЁНАТ АСТ

Шоире роҷеъ ба гумроҳ шудани ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, чунин нигоштааст:

Аблаҳе бар аблаҳе якҷо шавад,

Қалби онҳо кӯру нобино шавад…

Ин яъне он маъноро дорад, ки агар бесаводу камдонишеро ифротиён бубинанд ӯро ҳатман фирефта хоҳанд кард ва ҳатман гумроҳ хоҳанд кард, ки дар боло ишора шудааст.

Аз он ки имрӯзҳо бархе аз хоинони миллат ба тарғиби рӯирости ифротгароӣ гузаштаанд, бисёр ҳам бояд нигарон шуд ва ҷавононро эҳтиёт кард, то аз ин вабои аср худро дар канор гиранд.

Зеро тарғиби ифротгароиву гмроҳ кардани ҷавонон ҳам аллакай хиёнат аст ва бояд душманони миллат аз ин хиёнат даст кашанд.

Мо устодони кафедра нафаронеро медонем, ки ба чунин кор машғуланд ва ин тоифаро душманони миллати тоҷик хонад, маҳкум менамоем!