ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ТТЭ ПМТ –КУЛБАИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Чандест, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ наҳзатиёни малъун бар рӯ ниқоб кашидани шуда, номи ташкилоти худро, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст иваз намудаанд ва акнун на бо номи ТТЭ ҲНИ фаъолият мекунанд, балки бо номи ТТЭ ПМТ, ки барномаҳои ҳамон ташкилоти террористии наҳзатиёнро пайгирӣ мекунад.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии террорист имрӯз ҳамон ташкилоти навашро, ки бо номи ТТЭ ПМТ шинохта шудааст, идора мекунад ва аъзоёнаш ҳам ҳамон наҳзатиёни палид ва душманони миллати тоҷик мебошанд.

Ва мақсади ин наҳзатиёни чапаргӯш ҳам хиёнат ба миллати тоҷик мебошад, ки барои ин кор наҳзатиёни палид ва террорист аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ташкилоти ТТЭ ПМТ-ро ҳамчун нерӯи душман ва инсонбадбин, мешиносем ва ба ҷавонон тавсия медиҳем, ки фирефтаи ин хоинон нагарданд!