ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: БЕЛОРУСҲО ИШТИБОҲ МЕКУНАНД!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст,  имрӯзҳо мардуми кишвари Белорус бо дасисабозии хориҷиён даст эътирозҳои оммавӣ мезананд, ки ин бисёр ҳам хатарнок мебошаду зарар бар худи мардуми белорус аст. Чунки белорусҳо намедонанд, ки дастнигарҳои хориҷӣ дар симои мунтақидони сиёсӣ баромад карда, онҳоро фиреб медиҳанду мақсаду маромашон комилан дигар аст. Мисле, ки дар кишвари Украина ҳам даст ба чунин эътирозҳо заданду оқибат имкониятҳои  иқтисодиёти кишварро паст намуданду кишварро ба қисматҳо тақсим карданд, ки бисёр ҳам иштибоҳи бузурги украинҳо дар таърих унвон дода мешавад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодурусти мардуми белорусро, ки ба думболи дастнигарҳои хориҷӣ мераванд маҳкум намуда, бар онҳо гуфтанием, ки бо чашми ақл ба ҷаҳон бингаранд!