ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ТТЭ ҲНИ –МАКТАБИ ТЕРРОРИСТОНИ БАДКЕШ!

Ҳамон гуна, ки иттилоъ дорем, имрӯзҳо сафи созмону ҳаракатҳои террористӣ- ифротӣ дар ҷаҳон афзудааст, ки низоми ороми зиндагиро барҳам мезанад. Яке аз чунин ташкилотҳои террористӣ-ифротии дар солҳои охир пайдо шуда ТТЭ ҲНИ мебошад, ки имрӯз  бо амалҳои террористии содирнамудааш дар рӯйхати сиёҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.

ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта бо куштору разолат ва ваҳшонияти худ дар таърихи собиқа надорад, танҳо дар кишвари мо зиёда аз 160 000 шаҳрванди бегуноҳро ба қатл расонидаанд, ки ин хунинтарин ҳодиса дар таърих мебошад. Аммо аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ин иктифо накарда бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон то ба имрӯз даст ҷинояту амалҳои террористӣ зада бар алайҳи миллати тоҷик мубогриза мебаранд, ки ин амали нобахшиданист.

Ҷаҳониён ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун як мактаби разолату ҷаҳолат ва терроризм мешиносанд, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат- наҳзатиёни террористро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!