ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ХИЁНАТКОР БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Дар ҳама ҳолат хоин ва хиёнаткорро дар кадом ҷамъияте набошад, намебахшанд ва ҷазои хиёнаткор ҳамеша аз ибтидои пайдоиши инсоният вазнин будааст, то бар дигарон ибрат шаваду даст ба хиёнаткорӣ назананд. Аммо тавре, ки мебинем наҳзатиён имрӯзҳо бар миллат ва давлати тоҷикон хиёнат карданд, ҳазорон ҳазор бегуноҳро ба қатл расониданд, беҳтарин олимон ва равшанфикронро ба қатл расониданд, то миллатро камқудрат созанду мутеъи хоҷагони хориҷияшон созанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Ҳоло он ҳама куштор ва разолати наҳзатиён дар солҳои 90-ум ва ҳамзамон хоиниву хиёнаткориҳои роҳбар ва аъзои ТТЭ ҲНи дар солҳои охир ба кулли ошкор гардидааст ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Мо, устодони кафедра ин хиёнат ва хоиниву душманони наҳзатиро ҳаргиз намебахшем ва барои чунин хиёнаткориву разилӣ бар наҳзатиён лаънат мехонем!