ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Аз рӯзҳои нахустини таъсисаш ТТЭ ҲНИ бештар ба хоҷагони хориҷияш содиқ монда, аъзоёни он талош мекарданд, то миллати тоҷикро ба нестиву нобудӣ расонанд ва ба ҳамин далел ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданду садҳо ҳазор нафарро ба қатл расониданду миллионҳо нафарро гуреза намуданд, ки ҳамаи ин алабатта рӯзҳои сахту сангини миллати тоҷик буд, ки то кунун аз хотирҳо нарафтаасту дарду аламаш ҳанӯз дар дилҳо боқист.

Аммо наҳзатиёни палид бар ҳамаи ин нигоҳ накарда боз мехостанд, ки бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд ва ҳамин аст, ки амалҳои душманонаву хиёнаткоронаи хешро бештар  такрор мекарданд, то зарари бештар бар миллат расонанд.

Ҳоло бошад наҳзатиёни палид ва касиф дар хориҷи кишвар ҷой гирифта бештар талош мекунанд, то миллати тоҷикро сарсону саргардон ва дар арсаи байналмилалӣ беорӯ созанд. Зеро аз хоҷагони хориҷияшон чунин супориш гирифтаануд имрӯз дар пайи амали кардани он мебошанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъун ва душманро маҳкум намуда бар тамоми аҳли башар гуфтани ҳастем, ки нест бо ТТЭ ҲНИ!