ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: КОРОНАВИРУС МЕГУЗАРАД ВА НАҲЗАТИЁН ШАРМАНДА ХОҲАНД ШУД.

Ҳамагон хуб медонем, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон мубориза бар алайҳи коронавирус рафтаистодааст ва ин як вабои ҷонгир мебошад. Тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, аз ҷумла пойи номуборакашро ба кишвари мо ҳам гузошт, ки ин албатта аз ҷомеа масъулияти баландро тақозо менамояд.  Пеш аз ҳама мардумро зарур меояд, то аз эҳтиёт кор гиранд ва масъулиятро фаромӯш насозанд.

Аммо бар замми ин вабои ҷонгир қадамашро ба кишвари мо гузоштан боз наҳзатиёни манфур дар ин шабу рӯзҳо мехоҳанд, ки миллатро ноорому нороҳат намоянд ва тарсу ваҳмро дар дилашон ҷо диҳанд. Онон имрӯзҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ҳамин вазъи  душвори миллат сӯистифода намуда, ҷомеаро гумроҳ созанд, ки ин хиёнати бузург мебошад ва бори дигар душмании наҳзатиёнро ошкор менамоянд.

Мо, устодони кафедра ин муносибати нодурусти наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда ба ҳамаи ин ҳаромзодаҳои наҳзатӣ лаънат мехонем.