ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ИНТИХОБИ ОЛӢ

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав байни вакилони Маҷлис интихобот гузаронида шуд, ки тибқи барнома бояд роҳбар ва муовинони Раиси Маҷлис таъйин мешуданд.

Ҳамин тавр аъзоёни Маҷлис Рустами Эмомалиро ба ҳайси Раиси нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб намуданд, ки ин хеле оқилонаву олӣ мебошад. Зеро Рустами Эмомалӣ нафаре ҳастанд, ки аз мактаби роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд шудаанд, ки ин мактаб хеле бузург аст.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ҷавон ва донандаи чандин забони хориҷиву дорандаи ду маълумоти академӣ мебошанд, ки ин барои тасмимгириҳояш дар ин вазифаи пурмасъулият мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Рустами Эмомалӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд дар шаҳри Душанбе садҳо корхонаи нав бунёд кунанд ва барои аҳолӣ шароити корӣ фароҳам оваранд, ки ин кор на ба ҳар роҳбар даст медиҳад ва аслан ин пешравиҳои шаҳри Душанберо мешавад ба тариқи рекордӣ гузашт гуфт. Зеро тасмимгириҳои ҷиддӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ,  самимияти беандоза ба миллат ва Ватан Рустами Эмомалиро дар роҳбарӣ ҳамчун соҳибмактаб гардонидааст.

Мо, устодони кафедра интихоби раиси нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро интихоби олӣ номида, ба Рустами Эмомалӣ барор ва муваффақият таманно менамоем.