ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: РАДОИ “ОЗОДӢ” МИНБАРИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ.

Аз рӯзе, ки фаъолияташро радиои “Озодӣ” дар кишвар оғоз кард ва то ба имрӯз ягон хабар ва гузориши дурустро ба омма пешниҳод накардааст ва ҳамаи хабару гузоришҳояш бо мақсади ҷудоиандозӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ омода мешаванд, ки инро ҳар як хонанда метавонад дар хазинаи сомонаи ин радиои иғвобарангезону дурӯғсозон пайдо созад.

Ҳарчанд вазифа ва рисолати журналист дурӯғ нагуфтан ва баёни ҳақиқат ба ҷомеа мебошад, аммо мактаби журналистикаи радиои “Озодӣ” ба тарви дигар сохта шудааст. Ин ҳам бошад дар ин расонаи хабарӣ ҳама гузоришу хабарҳо бардурӯғ ва дар асоси овозаву суханони кӯчаву хиёбон ва ё худ душманони миллати тоҷик сохат мешавад, ки ин як масхарабозие беш нест.

Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки радиои “Озодӣ” ҳамчун расонаи дурӯғгӯйтарин дар ҷаҳон маъруф асту имрӯзҳо дар хизмати наҳзатиёни малъун қарор дорад ва аз ҷониби ТТЭ ПМТ, ки аз шабакаҳои террористии нав дар ҷаҳон шинохта шудааст, маблағгузорӣ мешавад. Пас чӣ гуна мешавад ин расонаи хабариро ҳамчун бадхоҳ ва бадкешу бадният нагуфт?!

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, ба тамоми наҳзатиёни малъун ва ҳаромзода, ҳамчунин ба ҳама кормандони радиои “Озодӣ”, ки ар миллат хиёнат мекунанд, лаънат мехонем.