ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ…

Ҳамчун намяондаи фаъоли ҷомеаи маданӣ ва фарҳанг аз воқеаҳои чанд соли охир чунин хулоса намудан мумкин аст, ки баъзе афроди тундрав ва бадгавҳару зиштмақсад аз арзишҳои диниву мазҳаби ҳамчун василаи ёрирасон ба ҳадафҳои зишти худ истифода менамоянд.

Мисоли ин гуна афрод аъзоён ва саркардагони ТЭТ ҲНИ шуда метавонанд, ки барои боз ҳам вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ноором сохтани ҷомеаву барҳам задани арзишҳои фарҳангӣ солҳои 90-уми асри гузашта аз  даст ба гумроҳзании мардум зада, аз номи дини мубини ислом сухан меронданд ва ҳатто номи ҳизбро ҳизби исломӣ унвон дода буданд, ки фақат барои сарсон кардани мардум будаасту халос.

Дар асл бошад ин бадтинатони наҳзатӣ барои боз ҳам зудтар фиреб додан ва гумроҳ намудани мардум аз номи ислом истифода намудаанд ва амалу рафторашон бошад, бар хилофи қоидаву гуфтаҳои ислом аст, ки ин ҳам як паҳлӯи зиштият ва ҷоҳилияти наҳзатиёнро ба намоиш мегузорад.

Ҳатто наҳзатиён худро донандаи хуби мазҳабу дин ҳисобида афсонаву ҳадисҳои бофтаи худро бардурӯғ бар сари мардум бор мекарданд ва мардумро аз ҳамин роҳ гумроҳ сохта, сарсон менамуданд. Натиҷаи ҳамин дасисабозиву дурӯғбофӣ буд, ки кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва ҳазорон ҳазор инсонҳо ба қатл расонида шуданд, ки то ҳол хотираи қурбониёни гумном моро азият медиҳад.

Аз ҳамин хотир мо омӯзгорони кафедра, ба хулосае омадем, ки ислом ба зоти худ айбе надорад ва ҳар айб, ки ҳаст дар пастфитративу бадниҳодии наҳзатиён аст, ки мо ин амалҳои зишт ва ин созмони террористиро маҳкум менамоем.